МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОНРО КӢ ОСОН МЕКУНАД?

Октябрь 6, 2009 12:40

                  Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – Бахшида ба анҷом ёфтани лоиҳаи якҷояи Созмони байналмиллалии меҳнат ва Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид 14 октябр дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.                   Дар конфронс муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов, сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев, мутахассиси Барномаи мубориза бар зидди меҳнати маҷбурӣ Беате Андрес, мудири соҳавии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Растислав Вребенский ва дигарон иштирок мекунанд.                    Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию-иқтисодӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқи онҳо, роҳҳои расонидани иттиллоот ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба проблемаҳои имконпазир, расонидани кӯмак ба оилаҳои дар ватан мондаи муҳоҷирон, роҳҳои идораи босамари муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи маблағҳои муҳоҷирон дар рушди корхонаҳои маҳаллӣ – чунинанд мавзӯъҳое, ки дар нишасти матбуотӣ матраҳ мешаванд.

Октябрь 6, 2009 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд