МУШКИЛОТИ ОРНИТОЛОГИЯИ АВИАТСИОНӢ ҲАЛ МЕШАВАД

Октябрь 8, 2009 15:21

                  Душанбе, 8 октября (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- "Мушкилоти орнитологияи авиатсионӣ " — таҳти ҳамин ном моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва Конфронси илмӣ -техникӣ бо сарпарастии Шӯрои олимони Академияи илмҳои Россия баргузор шуд. Дар кори Конфронс намояндагони кишварҳои Молдова, Қазоқистон, Латвия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар конфронс сардори шӯъбаи орнитологии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Элдар Қудратов иштирок карда оид ба мавзӯи марбут ба зарурати соҳаи орнитологӣ маърӯза кард. Бино ба гуфти Қудратов конферентсия мавзӯъҳои рӯзмарраи соҳаи орнитологияи авиатсиониро ҳаллу фасл намуда, ба мақомоти марбута аз ҷумла ба унвони ташкилотҳои байналмилалии авиатсионӣ аз натиҷаи кори конфронс ва ҳуҷҷати хотимавии он нома ирсол гардид.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» итиллоъ доданд, мавсуф иброз дошт, ки ходимони шӯъбаи орнитологияи авиатсионӣ дар ҳамаи фурудгоҳҳо барои таъмини бехатарии парвозҳо ва кам кардани эҳтимолияти бархурди паррандагон бо ҳавопаймоҳо ҳамарӯза корҳои профилактикиро анҷом медиҳанд.                   Дар охир иштирокдорони конфронс қарор қабул намуданд, ки барои боз ҳам аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудан ва истифодаи ҳарчи бештари орнитологияи авиатсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Октябрь 8, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд