МУШКИЛОТИ ОРНИТОЛОГИЯИ АВИАТСИОНӢ ҲАЛ МЕШАВАД
Душанбе, 8 октября (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- "Мушкилоти орнитологияи авиатсионӣ " — таҳти ҳамин ном моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва Конфронси илмӣ -техникӣ бо сарпарастии Шӯрои олимони Академияи илмҳои Россия баргузор шуд. Дар кори Конфронс намояндагони кишварҳои Молдова, Қазоқистон, Латвия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар конфронс сардори шӯъбаи орнитологии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Элдар Қудратов иштирок карда оид ба мавзӯи марбут ба зарурати соҳаи орнитологӣ маърӯза кард. Бино ба гуфти Қудратов конферентсия мавзӯъҳои рӯзмарраи соҳаи орнитологияи авиатсиониро ҳаллу фасл намуда, ба мақомоти марбута аз ҷумла ба унвони ташкилотҳои байналмилалии авиатсионӣ аз натиҷаи кори конфронс ва ҳуҷҷати хотимавии он нома ирсол гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» итиллоъ доданд, мавсуф иброз дошт, ки ходимони шӯъбаи орнитологияи авиатсионӣ дар ҳамаи фурудгоҳҳо барои таъмини бехатарии парвозҳо ва кам кардани эҳтимолияти бархурди паррандагон бо ҳавопаймоҳо ҳамарӯза корҳои профилактикиро анҷом медиҳанд. Дар охир иштирокдорони конфронс қарор қабул намуданд, ки барои боз ҳам аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудан ва истифодаи ҳарчи бештари орнитологияи авиатсионӣ мусоидат хоҳад кард.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






