МУСОБИҚА ДАР АНАПА

Октябрь 8, 2009 15:36

                 Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Аз Мактаби кӯдакону наврасони захираҳои Олимпии Ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки варзишгарони тоҷик Меҳроҷиддин Каримов ва Ораз Афзалшоев муддати 2 ҳафта дар ҳамбастагӣ бо дастаи варзишгарони Федератсияи Русия оид ба бокс дар шаҳри Анапа машқҳо мегузаронанд.                     Дар ин ҷо аз 22 то 29 октябр мусобиқаи 2-юми байналмилалии байни боксчиёни навраси соли таваллудашон 1991-1992 баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд.                 Меҳроҷиддин Каримов- ин умеди бокси тоҷик аст. Вай ҳоло 17 сола нест, аммо қади ӯ 2 м. 18 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин 5 сентиметр баландтар аз қади варзишгари рус Николай Валуев мебошад.

Октябрь 8, 2009 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд