МУСОБИҚА ДАР АНАПА
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Аз Мактаби кӯдакону наврасони захираҳои Олимпии Ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки варзишгарони тоҷик Меҳроҷиддин Каримов ва Ораз Афзалшоев муддати 2 ҳафта дар ҳамбастагӣ бо дастаи варзишгарони Федератсияи Русия оид ба бокс дар шаҳри Анапа машқҳо мегузаронанд. Дар ин ҷо аз 22 то 29 октябр мусобиқаи 2-юми байналмилалии байни боксчиёни навраси соли таваллудашон 1991-1992 баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд. Меҳроҷиддин Каримов- ин умеди бокси тоҷик аст. Вай ҳоло 17 сола нест, аммо қади ӯ 2 м. 18 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин 5 сентиметр баландтар аз қади варзишгари рус Николай Валуев мебошад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






