МУСОБИҚАИ САМБОЧИЁН
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 2 октябр дар Қасри варзиши «Самандар – 21» — и шаҳри Турсунзода мусобиқаи кушоди Ҷумҳуриявии варзиши самбо оғоз меёбад, ки барои поси хотири Қаҳрамони собиқи варзиши ҷаҳон Саидмӯъмин Раҳимов гузаронида мешавад. Дар ин мусобиқа аз Гурҷистон, Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бештар аз 200 варзишгар иштирок менамояд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн гузаронида мешавад. Ташкилкунандагони он ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои гуногун тайёр кардаанд. Барои ишғоли ҷои якум 800 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 400 доллари ИМА ва барои ҷои сеюм 150 доллари ИМА мукофот муқаррар намудаанд. Мукофоти асосии мусобиқа мошини сабукрафи «Тойота Королла» мебошад, ки ба ғолиби мусобиқа дар вазни зиёда аз 100 кг дода хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Саидмӯъмин Раҳимов низ соли 1975 дар Минск бо ҳамин вазн қувва озмуда, унвони Қаҳрамони варзиши ҷаҳонро соҳиб гардида буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






