МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОН
Суғд, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бахшида ба 15 — солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба чорабиниҳои варзишию солимгардонӣ ва иштироки донишҷӯёни вилоят дар мусобиқаҳои бонуфузи вилоятӣ, дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ, ташвиқу тарғиби волейбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва интихоби дастаи яккачини донишҷӯёни вилоят баргузор гардида истодааст. Санаи 29 — октябри соли равон, дар толори варзишии Комплекси ягонаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон мусобиқаи варзишии оид ба «воллейбол» байни донишҷӯёни бахшҳои I — уми Комплекси Ягонаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, ки аз 18 даста иборат аст, баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур сараввал проректори Донишгоҳ Иномҷон Аминов сухан кард. Баъдан Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Рустамҷон Ғиёсов ба сухан баромада, оид ба тарғибу ташвиқи варзиш байни донишҷӯён ва барои дарёфти дастаи яккачини донишҷӯёни вилоят суханронӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин чорабинии варзишӣ дар ҳамаи Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд баргузор гардида истодааст ва ба давраи финали он дастаҳои беҳтарине, ки аз дохили донишгоҳ ҳастанд, иштирок менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






