МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОН

Октябрь 30, 2009 18:11

                 Суғд, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бахшида ба 15 — солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба чорабиниҳои варзишию солимгардонӣ ва иштироки донишҷӯёни вилоят дар мусобиқаҳои бонуфузи вилоятӣ, дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ, ташвиқу тарғиби волейбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва интихоби дастаи яккачини донишҷӯёни вилоят баргузор гардида истодааст.                 Санаи 29 — октябри соли равон, дар толори варзишии Комплекси ягонаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон мусобиқаи варзишии оид ба «воллейбол» байни донишҷӯёни бахшҳои I — уми Комплекси Ягонаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, ки аз 18 даста иборат аст, баргузор гардид.                 Дар мусобиқаи мазкур сараввал проректори Донишгоҳ Иномҷон Аминов сухан кард. Баъдан Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Рустамҷон Ғиёсов ба сухан баромада, оид ба тарғибу ташвиқи варзиш байни донишҷӯён ва барои дарёфти дастаи яккачини донишҷӯёни вилоят суханронӣ намуд.                     Бояд қайд намуд, ки ин чорабинии варзишӣ дар ҳамаи Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд баргузор гардида истодааст ва ба давраи финали он дастаҳои беҳтарине, ки аз дохили донишгоҳ ҳастанд, иштирок менамоянд.

Октябрь 30, 2009 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид