МУТАССАДИИ ҶСП «АВВАЛИН БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД» БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАД

Октябрь 17, 2009 10:30

                 Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» А.Ҳаитов). – Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Жакипов Майрамбек Болтабоевич, корманди шӯъбаи қарздиҳии филиали ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар шаҳри Хоруғ ба 63 нафар сокинони ҷамоати «Аличур» — и ноҳияи Мурғоб аз ҳисоби ҶСП ҳуҷҷат омода карда қарз медиҳад. Аммо, баъд аз тарафи қарзгирандагон супоридани маблағи қарз ва фоизҳои он, Жакипов М.Б. пулро дар ҳаҷми 307,845 сомонӣ ба суратҳисоби бонк ворид накарда, азони худ кард. Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ бо моддаи 245 қ.4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз а шуда, тафтишот идома дорад.                 Ҳамчунин кормандони Агентӣ муайян карданд, ки сарнозири дидбонгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани «Айнӣ» Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Шарипов Давлатмурод Ғаюрович бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, бар хилофи Кодекси гумруки ҶТ моддаи 66 ва Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, молу маҳсулоти ба ҷумҳурӣ воридшавандаро дар 14 ҳолат бе мавҷудияти сертификат, ба расмияти гумрукӣ дароварда аз ҳисоби напардохтани маблағи сертификати мутобиқат ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 4732,09 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ҳаракатҳои Шарипов Д.Ғ. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 314 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад. Бинобар ҳамин нисбати ӯ аз тарафи шӯъбаи Раёсати Агентӣ дар нақлиёт тафтишот идома дорад.                  Аз Агентӣ ҳамчунон хабар доданд, ки сардори шӯъбаи назорати маҳсулоти аудиовизуалии КВД «Тоҷиккино» Сафаров Умедҷон Шарифович аз ваколатҳои хизматии худ истифода бурда, аз шаҳрванд «Р» барои гирифтани гувоҳномаи иҷозати нусхабардорӣ ба маблағи 1500 сомонӣ пора талаб кардааст. Дар натиҷаи андешидани чорабинии фаврӣ — ҷустуҷӯӣ 10 сентябри соли 2009 Сафаров У. дар вақти гирифтани пора ба маблағи 1500 сомонӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 319 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, барои тасдиқи хулосаи фикри айбдорӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Октябрь 17, 2009 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст