МУТАССАДИИ ҶСП «АВВАЛИН БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД» БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАД
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» А.Ҳаитов). – Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Жакипов Майрамбек Болтабоевич, корманди шӯъбаи қарздиҳии филиали ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар шаҳри Хоруғ ба 63 нафар сокинони ҷамоати «Аличур» — и ноҳияи Мурғоб аз ҳисоби ҶСП ҳуҷҷат омода карда қарз медиҳад. Аммо, баъд аз тарафи қарзгирандагон супоридани маблағи қарз ва фоизҳои он, Жакипов М.Б. пулро дар ҳаҷми 307,845 сомонӣ ба суратҳисоби бонк ворид накарда, азони худ кард. Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ бо моддаи 245 қ.4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз а шуда, тафтишот идома дорад. Ҳамчунин кормандони Агентӣ муайян карданд, ки сарнозири дидбонгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани «Айнӣ» Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Шарипов Давлатмурод Ғаюрович бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, бар хилофи Кодекси гумруки ҶТ моддаи 66 ва Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, молу маҳсулоти ба ҷумҳурӣ воридшавандаро дар 14 ҳолат бе мавҷудияти сертификат, ба расмияти гумрукӣ дароварда аз ҳисоби напардохтани маблағи сертификати мутобиқат ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 4732,09 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ҳаракатҳои Шарипов Д.Ғ. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 314 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад. Бинобар ҳамин нисбати ӯ аз тарафи шӯъбаи Раёсати Агентӣ дар нақлиёт тафтишот идома дорад. Аз Агентӣ ҳамчунон хабар доданд, ки сардори шӯъбаи назорати маҳсулоти аудиовизуалии КВД «Тоҷиккино» Сафаров Умедҷон Шарифович аз ваколатҳои хизматии худ истифода бурда, аз шаҳрванд «Р» барои гирифтани гувоҳномаи иҷозати нусхабардорӣ ба маблағи 1500 сомонӣ пора талаб кардааст. Дар натиҷаи андешидани чорабинии фаврӣ — ҷустуҷӯӣ 10 сентябри соли 2009 Сафаров У. дар вақти гирифтани пора ба маблағи 1500 сомонӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 319 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз, барои тасдиқи хулосаи фикри айбдорӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






