МУЗДИ МИЁНАИ МАОШ ДАР ПОЙТАХТ ЧАНД СОМОНӢ АСТ?

Октябрь 16, 2009 15:30

              Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол музди миёнаи маош дар шаҳри Душанбе ба 620 сомонӣ баробар буда, аз музди миёнаи маош дар сатҳи ҷумҳурӣ 3 маротиба зиёд аст», гуфт дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров.               Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳаётан муҳими вобаста ба рушди пойтахт, бахусус масъалаи шуғли аҳолӣ дар пойтахт баррасӣ гардиданд.                Муовини Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев оид ба ҷараёни иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2009 ва амалӣ намудани сиёсати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ҳисобот дод.               Баррасӣ ва таҳлили амиқи паҳлӯҳои татбиқи Барномаи мазкур ва ҷараёни корҳои дар ин самт анҷомёфта, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев нокифоя арзёбӣ гардид. Раиси шаҳр ба муовини худ М. Сайфиев мӯҳлат дод, ки тибқи он то охири соли равон тадбирҳои воқеиро ҷиҳати иҷрои Барнома андешад. Инчунин, Барномаи марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо барои солҳои минбаъда омода намуда, ба муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намояд. 

Октябрь 16, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд