НАМОИШНОМАИ ЯКҶОЯИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКУ АФҒОН

Октябрь 16, 2009 11:48

                Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, пас аз сафар ба Фестивали байналмилалии театрии Кобул , ба Тоҷикистон баргашт.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Театри ҷавонон Саид Абдуллоев иттилоъ дод, ҳайати эҷодии театр барои ҳакамону тамошобинон ва мухлисони Фестивали Кобул намоишномаи «Чашмони азалии бародар» — ро дар таҳияи коргардони шинохта Мирзоватан Миров пешниҳод карданд. Намоишнома драмаи классикӣ буда, дар он фаҳмиши фалсафӣ доир ба моҳияти инсон таҷассум ёфтааст. Намоишнома аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал ва бинандагони Афғонистон самимона истиқбол карда шуд.                 «Хурсандиовар аст, ки дар рафти Фестивал намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳамватанони дар ин кишвар қарор дошта, моро дастгирӣ мекарданд,» — гуфт Саид Абдуллоев.                   Тавре С.Абдуллоев илова кард, дар хотимаи Фестивал аз ҷониби Маркази фарҳангии Афғонистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳунармандони театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар якҷогӣ бо актёрони афғон намоишномаи нав ба саҳна гузоранд. Бо ин мақсад то охири сол 5 нафар актёрони тоҷик аз театри мазкур ба Кобул мераванд. Айни ҳол сенарияи спектакл муайян карда нашудааст. Дар назар дошта мешавад, ки намоишномаи таҳияшуда ҳам завқи тамошобини Афғонистон ва ҳам ба завқи тамошобини Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Октябрь 16, 2009 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад