НАМОЯНДАГОНИ ДУШАНБЕ ДАР НИШАСТИ ЖЕНЕВА ИШТИРОК МЕНАМОЯНД

Октябрь 27, 2009 16:44

                  Душанбе, 27 октябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Тақвияти ҳамкории мутақобила ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва ташкили шароити зарурӣ барои гурезагон зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон Иля Тодорович дар Душанбе баррасӣ гардид.                  Мусоҳибон нақши сохтори бонуфузи СММ-ро дар расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии кишварҳои бесубот муҳим арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои мизи мудаввари Комиссари Олии СММ оид ба масъалаҳои паноҳандагон, ки дар мавзуи «Проблемаҳои гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи урбанизатсия ва муколамаи Комиссари Олӣ оид ба масъалаҳои баҳсноки ҳимояи ҳуқуқ», ки 8-10 декабр дар шаҳри Женеваи Шветсария баргузор мешавад, баррасӣ гардиданд.                   Раиси шаҳри Душанбе интихоб ва баррасии мавзуи мизи мудавварро талаботи замон ва ниёзҳои ҷомеаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки баргузории ин нишаст дар ҳалли проблемаҳои гурезагон, ки бар асари ноооромиҳо бесарпаноҳ мемонанд, нақши муассир хоҳад гузошт.                   Роҳбари намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон Иля Тодорович гуфт, ки дар нишасти Женева аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳри Душанбе ягона пойтахтест, ки дар он даъват карда шудааст.Зеро пойтахти Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти паноҳандагон собиқаи калон дошта, таҷрибаи Душанбе аз сӯи дигар давлатҳои аъзои СММ мавриди пажӯҳиш ва истифода қарор дода мешавад. 

Октябрь 27, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд