НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛ ИШТИРОК НАМЕКУНАНД
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – Фестивали дуюми байналхалқии эҷодиёти ҷавонони халқҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Налчик, зери шиори «Иттиҳоди истеъдодҳо — 2009» шурӯъ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ хабар доданд. Иштирокчиёни Фестивал дар мусобиқаҳо, озмунҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои маданиву фарҳангӣ ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар доираи Фестивал баргузории конфронси илмӣ — амалӣ «ИДМ: Соли ҷавонон ва ҷавонон дар Соли илм ва инноватсия» ба нақша гирифта шудааст. Дар озмун зиёда аз 200 нафар истеъдодҳои ҷавон аз Озарбойҷон, Гурҷистон, Украина, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон ва Арманистон иштирок мекунанд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд дар Фестивал намояндагони аз ҷумҳурии мо иштирок намекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






