НАТИҶАҲОИ РАВАНДИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли равон тамоюли нисбатан мӯътадил дошт. Аз ҷумла, дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 14 миллиарду 451,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он 2,7%-ро ташкил дод». – гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода 15 октябри соли равон. Мавсуф оид ба масъалаҳои муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ, аз қабили натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нӯҳ моҳи соли 2009 ва дастоварду камбуди он дар давраи ҳисоботӣ, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рушди иқтисодиёти кишвар, андешидани чораҳои мушаххас ба хотири коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки таваррум дар ин давра ба 4,5% баробар шуд, ки дурнамои он барои соли 2009 то 8,0% пешбинӣ шуда буд. Қурби пули сомонӣ (нисбати доллари ШМА) 26,8% коҳиш ёфт, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он 1,6% баланд шуда буд. «Ҳаҷми пулҳои захиравӣ 2 миллиарду 170,4 миллион сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8% (535,6 млн. сомонӣ) зиёд мебошанд. Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот ба 1 миллиарду 796,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5% зиёд аст»-, иброз дошт Ш. Раҳимзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






