НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАХШИДА БА СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР БОРАИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот бахшида ба симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Симпозиуми мазкур 5- 6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Нишасти матбуотӣ таҳти раёсати сардори Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев гузашт. Қайд карда шуд, ки пешниҳоди гузаронидани симпозиуми байналхалқӣ дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо намуд. Дар бисёр мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва ғайра асарҳо ва мақолаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Имоми Аъзам чоп шуданд. Давлат Назриев хабар дод, ки дар симпозиуми байналхалқӣ аз 50 мамлакати ҷаҳон, аз чумла, Русия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Миср, Покистон, Ҷопон, Туркия, ИМА, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра бештар аз 500 намоянда иштирок хоҳад кард. Симпозиум бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр дар Кохи Борбад кушода мешавад. Баъди чошти ҳамон рӯз ва рӯзи дигар дар Кохи Борбад ва Кохи Сомон дар мавзӯъҳои гуногуни бахшида ба эҷодиёти Имоми Аъзам маҳфилҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар симпозиум ғайр аз ҳайатҳои асосӣ меҳмонони дигар низ иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла, 5 – 6 октябр ташрифи вазири корҳои хориҷии Швейтсария бону Мишелин Калма – Рай ва 7 – 8 октябр ташрифи вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллер ба нақша гирифта шудаанд. Меҳмонон зимни сафар бо Президкенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳанд кард. Инчунин 9 октябр валиаҳд Оғохони 1У ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ӯ баъди иштирок дар симпозиум дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилиён дар шаҳри Душанбе ширкат варрзида, баъдан аз маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ боздид ба амал хоҳад овард.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






