НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР КӮЛОБ-ВОСЕЪ

Октябрь 13, 2009 09:45

                 Кӯлоб, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Мувофиқи нақша дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии раиси шаҳр бо хабарнигорон доир гардид. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев аз фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб ва дастовардҳои соҳаҳои гуногун иттилоъ дода қайд намуд, ки таи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз ба миқдори 103,4 ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ 100,5 фоиз иҷро гардидааст. Сардори раёсати андози шаҳр Саймурод Исмоилов аз захираҳои истифоданашуда дар самти ҷамъоварии андоз ёдрас шуда, қайд намуд, ки барои напардохтани андози давлатӣ нисбати 27 корхонаю ташкилот аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодӣ ирсол гардидааст.                 Тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ низ хуб ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои тандурустию фарҳангӣ ва маориф миқдори зарурии ангишт захира карда шудааст. Хабарнигорон аз вазъи соҳаи кишоварзӣ, пардохти музди меҳнат, нафақа, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ пурсон шуданд. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев посух дод, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ корхонаҳои саноатӣ хуб фаъолият намуда, беш аз нақшаи пешбинишуда маҳсулот истеҳсол намуданд. Музди меҳнат ва нафақаи пиронсолон сари вақт пардохт шуда, 96 фоизи аҳолӣ ва корхонаю ташкилот ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф гузаштанд.                 Ҳамин гуна нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид, ки зимни он раиси ноҳия Султон Валиев ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух дод. Раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки бо сабабҳои гуногун нақшаи нӯҳмоҳаи андоз ҳамагӣ 83 фоиз иҷро гардидааст, ки ин аз фаъолияти сусти нозироти андоз гувоҳӣ медиҳад. Барои саривақт насупоридани андоз нисбати 53 нафар роҳбарони корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ парванда ба суди иқтисодӣ равона гардидааст. Дар дигар соҳаҳо бошад, муваффақиятҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия ба андозаи 57 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, айни замон ҷамъоварии пахта вусъати тоза пайдо намуда истодааст.

Октябрь 13, 2009 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд