НОҚИЛҲОИ ХАТАРНОК

Октябрь 13, 2009 14:55

                 Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сабаби сар задани 3 сӯхтор дар давоми як ҳафта гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати хадамоти сӯхторхомӯшкунии ВКД — Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Пайваст шудани таҷҳизоти зиёди гармидиҳӣ ва истифодаи нодурусти ноқилҳои барқӣ, боиси сар задани сӯхтор дар манзили одамон мешавад. Аз ҷумла, 7 октябр дар хоҷагии сокини маҳаллаи «Пахтакор» — и ноҳияи Восеъ Саттор Одинаев дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар ҳудуди 48 метри квадратӣ сӯхтор ба амал омада анбор, коҳдон ва иншооти чӯбинро ба коми худ кашид. Зарари расида 1800 сомониро ташкил медиҳад.                Умуман аз 5 то 12 октябр дар ҳудуди ҷумҳурӣ 19 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Дар вилояти Хатлон 7, дар вилояти Суғд 4, дар шаҳри Душанбе 5 ҳодисаи сӯхтор ба амал омад. Зарари умумии аз сӯхторҳо расида 15 ҳазору 690 сомониро ташкил медиҳад.  

Октябрь 13, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд