ОҒОЗИ ҲАФТАИ НОБЕЛӢ
Стокголм, 5 октябр. (АМИТ «Ховар» — vecti.ru). — Имрӯз дар Шветсия ҳафтаи 108 – уми нобелӣ шурӯъ хоҳад гашт.Дар фарҷоми он номҳои барандагони ҷоизаҳои Нобелӣ дар соҳаҳои гуногуни илм эълон карда мешаванд. Рӯзҳои наздик дар навбати аввал барандагони ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи физиология ва тиб эълон карда хоҳад шуд. 6 октябр номҳои барандагони ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи физика, 7 октябр дар соҳаи химия, 8 октябр дар соҳаи адабиёт эълон карда хоҳанд шуд. 9 октябр номи барандаи Ҷоизаи сулҳ эълон карда мешавад. Аз ҳама охир, 12 октябр барандаи «Ҷоизаи ёдбуди Нобел дар соҳаи иқтисодиёт» эълон карда мешавад, ки онро Бонки Шветсия соли 1968 таъсис додааст. Аз рӯи анъана Кумитаҳои ҷоизаи нобелӣ то рӯзи охир дар бораи барандагони ҷоизаҳо ягон маълумот намедиҳанд. Баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, шореҳи рӯзномаи «Догенс Нюхетер» — и Шветсия Карин Бойс пешгӯӣ мекунад, ки шояд ҷоизаҳои нобелӣ имсол насиби олимони Канада Эрнст Маккаллох ва Ҷеймс Тилл барои кашфиёташон дар соҳаи табобати бемориҳои бофтаҳои хун, олими Фаронса Пер Шамбон дар соҳаи таҳқиқи ресепторҳои гормоналӣ, олимони амрикоӣ Роналд Эванс ва Элвуд Ҷенсен барои таҳқиқи моддаи химиявии энзим, ки ба синтези теломерии хромосомаҳо кӯмак мерасонанд, олимони дигари амрикоӣ Элизабет Блекберн, Карол Грейдер ва Ҷек Шостак барои таҳқиқи ферментҳои химиявӣ ва истифодаи онҳо дар ҷараёни синтези кислотаҳои рионуклеини ва ғайра гардад. Бояд гуфт, ки солҳои гузашта чандин пешгӯии Карин Бойс дар бораи барандагони ҷоизаҳои нобелӣ рост баромада буданд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






