ОЛИМПИАДАИ ҒОИБОНАИ ИНТЕРНЕТӢ

Октябрь 5, 2009 15:45

                   Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дастаи талабагони синфи 8 «а»-и мактаб гимназия-интернати тоҷикию русии шаҳри Душанбе барои бачаҳои болаёқат, ки дар олимпиадаи ғоибонаи интернетӣ доир ба барномасозӣ 3 октябр иштирок карданд беҳтарин ҳисобида шуданд.                   Дарсҳои информатикаро хатмкунандаи гимназияи мазкур Таҳмина Юнусзода мегузарад, ки ҳоло дар ҶСК «Ориёнбонк» ба ҳайси барномасоз кор мекунад. Ба рӯйхати беҳтаринҳо талабагони синфи 8-ум Хайруллозода Додулло ва Зафар Маҳмудов дохил шуданд.             Хайруллозода Додулло ва Зафар Маҳмудов дар байни 3 соат 4 мисолро кор карда, дар байни 500 нафар иштироккунандагони озмун ҷойи 23-юмро ишғол карданд, зикр намуд муаллими информатика Эраҷ Ҷумъаев.Олимпиадаи ғоибонаи интернетӣ доир ба барномасозӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ва Донишгоҳи механика ва оптикаи дақиқи шаҳри Санкт-Петербург гузаронида шуд. Ин мусобиқаҳои гурӯҳӣ 19, 31-уми октябр, 7 ва 16-уми ноябр, ва мусобиқаи шахсӣ 12 ва 19 декабр баргузор мегардад. Дар мусобиқа ҳар як шахсе, ки касбияти ихтисосии худро дар барномасозӣ такмил доданӣ ҳаст иштирок карда метавонад.                   Хоҳишмандон метавонанд бо сайти интернетии http://nerrc.info.ru шинос шаванд.

Октябрь 5, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд