ОЛИМПИАДАИ ҒОИБОНАИ ИНТЕРНЕТӢ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дастаи талабагони синфи 8 «а»-и мактаб гимназия-интернати тоҷикию русии шаҳри Душанбе барои бачаҳои болаёқат, ки дар олимпиадаи ғоибонаи интернетӣ доир ба барномасозӣ 3 октябр иштирок карданд беҳтарин ҳисобида шуданд. Дарсҳои информатикаро хатмкунандаи гимназияи мазкур Таҳмина Юнусзода мегузарад, ки ҳоло дар ҶСК «Ориёнбонк» ба ҳайси барномасоз кор мекунад. Ба рӯйхати беҳтаринҳо талабагони синфи 8-ум Хайруллозода Додулло ва Зафар Маҳмудов дохил шуданд. Хайруллозода Додулло ва Зафар Маҳмудов дар байни 3 соат 4 мисолро кор карда, дар байни 500 нафар иштироккунандагони озмун ҷойи 23-юмро ишғол карданд, зикр намуд муаллими информатика Эраҷ Ҷумъаев.Олимпиадаи ғоибонаи интернетӣ доир ба барномасозӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ва Донишгоҳи механика ва оптикаи дақиқи шаҳри Санкт-Петербург гузаронида шуд. Ин мусобиқаҳои гурӯҳӣ 19, 31-уми октябр, 7 ва 16-уми ноябр, ва мусобиқаи шахсӣ 12 ва 19 декабр баргузор мегардад. Дар мусобиқа ҳар як шахсе, ки касбияти ихтисосии худро дар барномасозӣ такмил доданӣ ҳаст иштирок карда метавонад. Хоҳишмандон метавонанд бо сайти интернетии http://nerrc.info.ru шинос шаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






