ОШХОНАИ МИЛЛӢ СӮХТ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда 24 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии 809 ҳазору 632 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сӯхторҳо 1040 метри мураббаъ мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, чунин ҳодисаи сӯхтор шаби 16 октябри соли равон дар ошхонаи миллии «Темурҷон» воқеъ дар кӯчаи Крупская 1 ноҳияи Фирдавсӣ, ки ба соҳибкор Музаффар Раҳмонов тааллуқ дорад сӯхтор ба амал омад. Бо қабули бонги хатар ба ҷои ҳодиса 10 адад автомашинаҳои сўхторхомўшкунӣ фиристода шуданд. Алангаи оташ дар масоҳати 120 метри мураббаъ, бом ва ҳудуди ошхона, инчунин маркази дилериро фаро гирифта мекӯшид, ки ба дигар нуқтаҳои савдо паҳн гардад. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ — оташнишонӣ паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда, хомӯш карда шуд. Айни замон аз тарафи ХДО ва дигар мақомоти дахлдор дар ҷои ҳодиса тафтишот идома дорад. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






