ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР АЛОМАТҲОИ ҚАЙДИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт ҷойгир карда мешавад. Қонуни мазкур 3 октябр дар иҷлосияи 21-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур мукаммал намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқ гардонидани он ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






