ПЕШБУРДИ ТИҶОРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии имзои санади нави ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон баргузор гардид. Созишномаи мазкурро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Лариса Кислякова, мудири бахши сиёсат ва барномаҳои маркази байналмиллалии тиҷорат Фридрих фон Киржбах ва муовини сардори идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Николя Гигас имзо карданд. Лоиҳаи нав, ки ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро дар назар дорад, аз ҷониби идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байналмилалии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон амалӣ мешавад. «Ҳадафи умумии ин созишнома дастгирӣ намудани рушди устувор ва гyногyнсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад», қайд гардид дар маросим.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






