ПЕШБУРДИ ТИҶОРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Октябрь 22, 2009 13:39

                 Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии имзои санади нави ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон баргузор гардид.                  Созишномаи мазкурро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Лариса Кислякова, мудири бахши сиёсат ва барномаҳои маркази байналмиллалии тиҷорат Фридрих фон Киржбах ва муовини сардори идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Николя Гигас имзо карданд.                Лоиҳаи нав, ки ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро дар назар дорад, аз ҷониби идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байналмилалии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон амалӣ мешавад.                «Ҳадафи умумии ин созишнома дастгирӣ намудани рушди устувор ва гyногyнсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад», қайд гардид дар маросим. 

Октябрь 22, 2009 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид