ПЕШНИҲОДИ МУФИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН
Ашқобод, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», regnum.ru). – Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 1 октябр зимни сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакаташ изҳор намуд, ки Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бояд ба ивази истифодаи ҳаҷми имрӯзаи оби дарёҳои сарҳадгузар ва ҳалли проблемаҳои энергетикӣ ба Тоҷикистон маблағи муайян диҳанд. Г.Бердимуҳаммадов зикр кард, ки сарчашмаи дарёҳои асосии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошанд. Ин мамлакат баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз нарасидани қувваи барқ танқисӣ мекашад. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ин проблема сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обиро пеш гирифтааст. Ин иқдом дар оянда сабаби коҳиш ёфтани маҷрои дарёҳо ва нарасидани об дар мамлакатҳои поёноби дарёҳои Сир ва Ому гардида метавонад. Проблемаи мазкур сол то сол ҷиддитар гардида, сабаби муташанниҷ гардидани муносибатҳои мамлакатҳои минтақа шуда метавонад. Қ.Бердимуҳаммадов дар робита мамлакатҳои поёноби минтақа — Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро даъват кард, ки масъалаи мазкурро якҷоя ҳал намуда, ба ивази оби дарёҳои Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои истифодаи захираҳои обу энергетика маблағи муайян ҷуброн намоянд. Ба ақидаи коршиносон, баъди 5 –10 сол проблемаи бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа пайдо хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






