ПИРОНСОЛОНУ МАЪЮБОН ЗЕРИ ПАРАСТОРИИ ДАВЛАТ ҚАРОР МЕГИРАНД

Октябрь 9, 2009 17:06

                  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 1460 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрону эҳтиёҷмандон ба табобату истироҳат фаро гирифта шуд. Дар хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва дигар муассисаҳои статсионар 1417 нафар бошандагон зери парастор ва нигоҳубини давлат қарор дода шудаанд.                   Дар Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки барои дар сатҳи баланд ва босифат гузаронидани мавсими истироҳатию табобатии собиқадорони ҷангу меҳнат Муассисаҳои давлатии «Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб, истироҳатгоҳҳои собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯст»-и ноҳияи Қумсангир, «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат ва «Ямчун»-и ноҳияи Ишкошим ба мавсими истироҳат омода шуда, соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 нафар зиёдтар дар ин муассисаҳо табобату истироҳат намуданд.                   Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сохтмони Хона-интернат барои беморони касалиҳои рӯҳӣ барои 100 кат ва таҷдиди бинои нави хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат идома дорад. Илова бар ин, аз моҳи октябри соли равон боз 40 нафар эҳтиёҷмандон ба хона-интернати Ҳисор ҷойгир карда мешаванд.  

Октябрь 9, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд