ПРЕЗИДЕНТИ АВВАЛИН ҚАТЛ ШУДА БУД?
Тифлис, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — top.rbc.ру). – Бо ташаббуси пешвои ҳизби оппозитсионии «Картули даси» Ҷонди Багатурия парлумони Гурҷистон барои омӯзиши муфассали марги аввалин президенти Гурҷистон Звиад Гамсахурдиа комиссияи порлумонии тафтишотӣ таъин кард. Ҷонди Багатурия дар баромади худ қайд намуд, ки «Солҳои 1991 – 1992 ҳукумати бо роҳи қонунӣ интихобшуда ба тариқи зӯрӣ ва бо истифода аз силоҳ барканор карда шуд. Дар натиҷа мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Президент Гамсахурдиа таҳти таъқиб қарор гирифта, оқибат ба марг дучор шуд». Звиад Гамсахурдиа аввалин президенти Гурҷистон дар солҳои 1990 – 1992 буд. 31 декабри соли 1993 Гамсахурдиа дар деҳаи Ҷихашкари воқеъ дар қисмати ғарбии Гурҷистон дар ҳолатҳои номаълум фавтид. Мувофиқи баъзе фарзияҳо ӯ ба худкушӣ даст зада буд, аммо бо фарзияи дигар Звиад Гамсахурдиа аз тарафи шахсони номаълум қатл гардидааст. Моҳи феврали соли 1994 бо талаби ҳамсари собиқ президент ҷасади ӯро аз Гурҷистон бароварда дар Чеченистон ба хок супорида буданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






