ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ИРОҚ ДАЪВАТ ШУД

Октябрь 6, 2009 16:27

                  Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мо дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ироқро баррасӣ намуда, махсус таъқид кардем, ки барои густариши ин равобит заминаҳои муфид мавҷуданд ва бояд аз онҳо истифода кард. Зеро равобити Тоҷикистону Ироқ дар замони гузашта хеле густариш ёфта буд ва имрӯз низ шароити дар ин сатҳ бардоштани он аз сатҳи муносибот ва кӯшиши роҳбарияти ҳарду ҷониб вобаста аст», — ин нуқтаро пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Раиси Девони вақфи Ироқ Алӣ ал-Хатиб, 6 октябр ба хабарнигорон иброз дошт.                   Ӯ афзуд, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз дар мулоқот ба миён гузошта шуд ин кушодани намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Ироқ буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки дар солҳои оянда аз Ироқ дидан хоҳанд кард ва бо ин мақсад даъватнома низ фиристонида шудааст.                    «Агар намондагиҳои дипломатии ҳарду кишвар кушода шаванд имкон фароҳам меоранд, ки рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистону Ироқ бештар шавад ва мардуми Тоҷикистон бевосита метавонанд аз ҷойҳои муқаддаси Ироқ дидан кунанд», — идома дод Алӣ ал-Хатиб.                     Меҳмони ироқӣ аз пазироӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон арзи сипос карда, тазаккур дод, ки халқи тоҷик бори дигар аз доштани фарҳанги баланд ва ахлоқи ҳамидаи хеш, исбот кард.                     Алӣ ал-Хатиб махсус таъқид кард, ки то имрӯз аксари донишмандони машҳури Ироқ аз кишварҳои Мовароуннаҳр ва Эронзамин ҳастанд. Масалан, Оятуллои Сиистонӣ, ки яке аз пешвоёни мазҳабии илмӣ дар Ироқ ба шумор меравад ва умедворем, ки сафи ингуна шахсиятҳо минбаъд низ зиёд шуда, дар густариши илму фарҳанг ва дастовардҳои илми Ислом мусоидат кунанд.                      «Иқдоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти эълон намудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам қобили таҳсин аст ва мо ба кишварҳои арабӣ ҳидоят мекунем, ки онҳо низ чунин иқдомро пиёда созанд, то муносиботи давлатҳо дар ин ҷода боз ҳам бештар густариш ёбад. Зеро, ин имкон медиҳад, ки мусулмони ҷаҳон ҳарчи бештар аз таълимот ва ҳаёту осори олимони гузаштаи Ислом дарак ёбанд», — гуфт дар хотима Алӣ ал-Хатиб.

Октябрь 6, 2009 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд