ПРИНСИПҲОИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз 6 октябр дар Душанбе семинар оид ба принсипҳои расонидани ёрии паллиативӣ барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»- и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Тавре ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ин ташкилоти байналмиллалӣ Заррина Қурбонбекова хабар дод, чорабинӣ дар доираи Меморандум оид ба ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии ҶТ ва Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад — Тоҷикистон ба имзо расидааст, баргузор мегардад. Дар семинар 45 нафар мутахассисон аз зумраи духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони тиббие, ки дар соҳаҳои саратоншиносии калонсолону кӯдакон, масъалаҳои ВНМБ фаъолият менамоянд, иштирок хоҳанд намуд. Ба иттилои манба, барои гузаронидани семинар гурӯҳи мутахассисон аз ИМА: Ҷон Чарлз Эли – мудири маркази тиббии хизматрасонии паллиативӣ, профессор Томас Смит- директори шӯъбаи паллиативии маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, Мэри Каллавей — мудири барномаи байналмилалӣ доир ба ёрии паллиативӣ дар Ню — Йорк Нейл Mайкл Эллисон барномаи ёрии Паллиативии Институти «Ҷамъияти кушода» — и Ню-Йорк даъват шудаанд. Калимаи «Паллиативӣ» аз калимаи лотинии «паллиум» (рӯйпӯш) гирифта шудааст. Мувофиқи таърифи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Ёрии паллиативӣ — ин ҷамъи усулҳои беҳтар кардани сифати ҳаёти бемор ва аъзоёни оилаи ӯ, ки ба бемории марговар дучор гардидаанд, тавассути сабук гардондани азоб, барвақт ошкор намудан ва баҳодиҳии аниқи душвориҳои бавуҷудомада (ҳангоми аломатҳои дард ва намудҳои дигари ихтилофи фаъолият), инчунин расондани ёрии психологию иҷтимоӣ мебошад.