ПУЛИ МАРДУМРО КӢ МЕГИРАД?
Қӯрғонтеппа, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Сардори раёсати почтаи тоҷик дар вилояти Хатлон Умеда Собирова изҳор кард, ки пардохти маблағҳо барои хизматгузории коммуналӣ бояд ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» амалӣ карда шаванд. «Мувофиқи талаботи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағ барои ҳамаи намудҳои хизматрасониҳои коммуналӣ бояд ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» амалӣ карда шаванд. Мутаассифона, айни ҳол ин қонун иҷро карда намешавад. Дар бисёр ҳолатҳо маблағҳои пулиро аз дасти одамон назоратчиҳо мегиранд, ки ин ғайриқонунӣ мебошад, — қайд кард Умеда Собирова. – Айни ҳол фақат муассисаи обу корези шаҳри Қӯрғонтеппа расман розӣ аст, ки маблағи хизматрасонӣ аз аҳолиро кормандони «Почтаи тоҷик» қабул кунанд». Умеда Собирова илова кард, ки ба дархости шӯъбаи «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, оид ба ситонидани маблағ аз аҳолӣ барои истифодаи қувваи барқ шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа то ҳанӯз ҷавоб надодааст. Ҳол он ки, барои шаҳрвандон супоридани маблағ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» мувофиқ мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






