РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ҲИСОБОТ МЕДИҲАД
Хуҷанд, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи роҳбарияти вилоят ҳисобот дод. Раиси вилоят дар маърӯзаи худ қайд кард, ки новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳудуди вилоят истеҳсоли саноат дар корхонаҳои вилоятӣ қатъ нагардид. Қисми даромади буҷаи вилоят 109,2 фоиз афзун шуда, хароҷоти буҷа 97,6 фоизро ташкил дод. Дар баробари ҳамин содироти маҳсулот дар вилоят назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз поён фаромада, воридоти мол 30 фоиз кам шуд. «13 фоизи даромади буҷаи вилоят аз ҳисоби кишоварзон буда, 28 фоизи даромади буҷаро корхонаҳои саноатӣ таъмин мекунанд, — қайд намуд Қоҳир Расулзода. – Кори мунтазами корхонаҳои саноатӣ аз таъмини ашёи хом, яъне пахта вобастагӣ дорад. Дар ин сол маблағгузорӣ ба соҳаи пахтапарварӣ 4 баробар кам шуда бошад ҳам, ба ҳисоби мутахассисон ҳосили баробар ба соли гузашта яъне 88 ҳазор тонна пахта парвариш карда шудаст. Ин маънои онро дорад, ки хоҷагиҳои пахтакор тадриҷан қарзҳои пешинаи худро мепӯшонанд». Ҳамчунин Қ.Расулзода иттилоъ дод, ки бинои 13 ошёнаи «Хонаи матбуот» дар мӯҳлати таъиншуда — то рӯзҳои ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Оид ба таъмин кардани аҳолии вилоят ва корхонаҳои саноатӣ бо гази табиӣ, Қ.Расулзода изҳор кард, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ барои пайдо кардани конҳои нави гази табиӣ ҳамаи чораҳоро меандешанд, то ки дар оянда аҳолӣ бо гази истеҳсоли худӣ таъмин карда шаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






