РИШВАГИРОН ПАНД НАМЕГИРАНД
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- — Тафтиши парвандаи ҷиноии корманди афсари госпитали низомии шаҳри Чкаловск давом дорад, — иброз дошт сардори маркази матбуотии Вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев. Боис ба ёдоварист, ки кормандони хадамоти минтақавии Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии дар вилояти Суғд буда, бо гумони даст доштан дар ришвагирӣ, полковники хадамоти тиббӣ Одилҷон Ҳодибоевро ҳангоми гирифтани пора барои пеш аз мӯҳлат озод намудани хизматчии ҳарбӣ Фаррух Шарипов ба маблағи 2 ҳазор доллар дастгир намуданд. Айни замон тафтишоти парвандаи ҷиноии Одилҷон Ҳодибоев давом дорад. Гарчӣ ин мавзӯъ тавассути матбуоти даврӣ пайваста пайгирӣ шуда порагирон зиндонӣ мешаванд, аммо аз чӣ бошад, ки ин амали номатлуб панди дигарон намегардад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






