РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН НФС БУНЁД МЕКУНАД
Маскав, 29 октябр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР-ТАСС). – Тавре сарвари ширкати Русиягии «Ростнефт» Сергей Богданчиков ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ширкати мазкур ният дорад дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе якчанд нуқтаҳои бузурги муосир барои фурӯши сӯзишворӣ бунёд кунад. Ҳамчунин ширкати «Роснефт» мехоҳад барои иштирок кардан дар таъмир ва таҷдиди комплекси сӯзишвории фурӯдгоҳи Душанбе бо идораҳои дахлдор ҳамкорӣ кунад. С. Богданчиков нақшаҳои ширкатро барои вуруд шудан ба бозори Осиёи Марказӣ тасдиқ намуда, қайд кард, ки ширкат корхонаи нахустини худро бо номи «Ростнефт – Средная Азия» дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад. «Ҳоло мо бо намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ доир ба ҷудо кардани замин барои сохтмони НФС гуфтушунид карда истодаем», — илова кард сарчашма.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






