САДОИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 19, 2009 15:27

                 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ин рӯзҳо дар Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи ҷашнвораи Ҳафтаи Аврупо идома дорад. 17 октябр дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти «Сайру гашти мусиқӣ» барпо гардид.                  Ба саҳнагузорандаи консерт дирижёри шинохтаи ҷаҳонӣ Жерардо Колела барномаи консертиро тавре таҳия кардааст, ки дар он ҳам мусиқии анъанавии классики Аврупо ва ҳам аносири муосири мусиқии аврупоӣ инъикос ёфтаанд.                   Дар барномаи консертӣ аз эҷодиёти композиторони ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо истифода шуд. Дар навбати худ ҳар як оҳангсоз нақши намояндаи як давлати Аврупоро иҷро кард. Аз ҷумла, ҳамчун намояндаи Олмон — Гендел ва Бах, намояндаи Австрия — Мотсарт, намояндаи Италия — Пучинни, намояндаи Испания — Гарсиа Лорка , намояндаи Фаронса – Габриэл Сауре, намояндаи Латвия – Арво Пярт, намояндаи Венгия – Белла Барток, намояндаи Белгия – Сезар Фран баромад намуданд.

Октябрь 19, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд