САДОИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ин рӯзҳо дар Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи ҷашнвораи Ҳафтаи Аврупо идома дорад. 17 октябр дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти «Сайру гашти мусиқӣ» барпо гардид. Ба саҳнагузорандаи консерт дирижёри шинохтаи ҷаҳонӣ Жерардо Колела барномаи консертиро тавре таҳия кардааст, ки дар он ҳам мусиқии анъанавии классики Аврупо ва ҳам аносири муосири мусиқии аврупоӣ инъикос ёфтаанд. Дар барномаи консертӣ аз эҷодиёти композиторони ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо истифода шуд. Дар навбати худ ҳар як оҳангсоз нақши намояндаи як давлати Аврупоро иҷро кард. Аз ҷумла, ҳамчун намояндаи Олмон — Гендел ва Бах, намояндаи Австрия — Мотсарт, намояндаи Италия — Пучинни, намояндаи Испания — Гарсиа Лорка , намояндаи Фаронса – Габриэл Сауре, намояндаи Латвия – Арво Пярт, намояндаи Венгия – Белла Барток, намояндаи Белгия – Сезар Фран баромад намуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






