САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТУРКМАНИСТОН

Октябрь 9, 2009 16:19

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Туркменбошии Туркманистон рафт.                  Дар фурӯдгоҳи шаҳри Туркменбошӣ, ки бо шиору овезаҳо оро ёфта, ҷузъу томҳои горди фахрӣ саф ороста буданд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Туркманистон бо эҳтироми хоса ва ҳусни ҳамсоягӣ истиқбол гирифтанд.                  Қобили таъкид аст, ки ин сафари корӣ бо ҷараёни мулоқотҳо ва натиҷаҳояш хеле ба сафари расмӣ шабоҳат дорад, зеро сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои бонуфузи ду ҷониб баррасӣ намуданд ва 4 санади нави ҳамкорӣ ҳам ба имзо расид:                — Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корхои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон;                 — Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ;                 — Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;                  — Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон.                  «Муносибот бо Туркменистони бародарӣ барои мо аҳамияти хоса дошт, дорад ва хоҳад дошт», — изҳор намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мутобиқат ва ё наздикии мавқеъҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ худ заминаи мусоиди сиёсӣ аст барои рушди ҳамаи самтҳои робитаҳои судманди ду кишвар.                 Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар навбати худ посух дод, ки дар муносиботи Туркманистону Тоҷикистон боварии байниҳамдигарӣ, ҳусни ҳамсоягию тафоҳум, дӯстию рафоқат ҳамеша мақоми хоса доранд.                  Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд, аз ҷумла баҳри беҳтар намудани равобити нақлиётӣ, шароити рафтуомади шаҳрвандон, рушди тиҷорати дуҷониба ва ғайра. Кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.                 Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро даъват намуд, ки барои ба сатҳи сифат нав баровардани муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.                 Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Туркменбошии Туркманистон иттилоъ дод.

Октябрь 9, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид