САХОВАТИ ҒОЛИБИ МУСОБИҚА
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Аз 3 то 5 октябр дар варзишгоҳи «Самандар – асри ХХ1» — и шаҳри Турсунзода мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии самбо барои ба даст овардани ҷоизаи Қаҳрамони варзиши ҷаҳон дар соли 1975 Саидмӯъмин Раҳимов баргузор гардид. Дар он варзишгарони зӯртарини 8 давлат – Русия, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои ғолиби мусобиқа дар вазни 100 килограмм мошини сабукрави тамғаи «Тойёта – Королла» мукофот муқаррар карда буд. Бояд гуфт, ки Саидмӯъмин Раҳимов дар ҳамин вазн қаҳрамони варзиши ҷаҳон гардида буд. Сарпарастони дигари мусобиқа – «Ориёнбонк», ширкатҳои «Сомон Эйр», «Тетриус петролиум», «Талко» ва «Файз» барои ғолибони вазнҳои гуногун мукофотҳои пулӣ таъсис доданд. Дар вазни 100 килограмм варзишгари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев зимни қувваозмоӣ бо гӯштингири гурҷӣ, қаҳрамони варзиши ҷаҳон Бодабели Миксия бо ҳисоби 8:0 ғалаба ба даст овард. Писари Саидмӯъмин Раҳимов – Саидаҳтам калиди мошини сабукравро дар вазъияти ботантана ба ғолиби мусобиқа супорид. Вале Набимуҳаммад Хоркашев калиди мошинро ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов супорида, хоҳиш намуд, ки мошинро фурӯшанд ва маблағи онро дар байни хонаҳои бачагони ятим ва бемори ҷумҳурӣ тақсим кунанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






