САНАДИ ТАЪРИХӢ
Cюрих, 13 октябр. (АМИТ «Ховар» — vesti.ru ). – Бори аввал баъд аз мухолифатҳои тӯлонӣ миёни ҷумҳуриҳои Арманистон ва Туркия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда мешаванд. Вобаста ба ин вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудӯғлӣ ва вазири корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян созишнома ба имзо расониданд. Ҳамчунин дар Сюрих рӯзи 10 октябр Санад дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Арманистон ва Туркия ба имзо расид. Акнун созишномаҳоро парлумонҳои ҳар ду кишвар ба тасвиб хоҳанд расонд. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Туркия ва Арманистон соли 1993 қатъ шуда буд. Бинобар эътирози ҷониби Ереван ба қатли оммавии арманиҳо дар замони ҳукмронии Империяи Усмонӣ ва даъвои Анқара барои ғасби кӯҳистони Қарабоғ аз ҷониби Арманистон рафти гуфтушунидҳоро барои дубора барқарор кардани муносибатҳо ба мушкилӣ дучор мегардид. Дар ҳуҷҷатҳои ба имзо расидашуда оид ба мухолифатҳои зикршуда ишора нашудааст. Санад дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо миёнаравии вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров, котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо Хавера Солана ба имзо расонида шуд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






