САНГТУДА-1 ЯК МИЛЛИАРДУ 256,4 МИЛЛИОН КВТ СОАТ НЕРӯИ БАРҚ ИСТЕҲСОЛ КАРД
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 миллиарду 236,3 миллион кВт нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 миллион кВт соат, ё ки 57% кам гардидааст», — гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов. Мавсуф оид ба ҷамъбасти нӯҳмоҳаи вазорат дар бахши энергетика ва саноат маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ин давра ШСХК «Барқи Тоҷик» 10 миллиарду 855 миллион кВт соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 586 миллион кВт соат ва ё 5% кам аст. Ширкати «Помирэнерҷӣ» 124 миллиону 892,7 ҳазор кВт соат кор кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 119 ҳазор кВт соат ва ё 2,5% ки кам аст. Инчунин, қайд гардид, ки ҶСК «НБО-и Сангтуда-1» дар ин давра як миллиарду 256,4 миллион кВт соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 – ум 519 миллион кВт соат ва ё 1,7 маротиба зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






