САРФАҶӮИИ БАРҚ ТАВАССУТИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва қарори дар ин асос ба тасвибрасидаи раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2009 тадбирҳои амалӣ меандешад. Тибқи иттилоои шӯъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд то имрӯз корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин аҳолӣ 361024 адад лампаҳои каммасраф насб намуданд, ки ин аз ҳаҷми умумӣ 88,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ба пуррагӣ ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашта, нишондиҳандаҳои корхонаҳои тиҷоратӣ 99 фоиз ва аҳолӣ баробари 85 фоизи муқаррарот аст. Қобили зикр аст, ки лампаҳои каммасрафи аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҷудогардида ба пуррагӣ ба оилаҳои камбизоат дастрас карда шуда, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба хонаводаҳои оилаҳои эҳтиёҷманд 5948 адад, аз ҳисоби вакилони мардумӣ 2250 адад ва аз тарафи ашхоси саховатманд 7 ҳазор чунин лампаҳо тақсим гардид. Уламои дини шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағи дар рӯзи иди Фитр ба сандуқи хайрия воридшуда 4200 лампа харидорӣ карда, ба оилаҳои эҳтиёҷманд дастрас намуд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






