СЕ КИТОБИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ЧОП БАРОМАД
Дар чаҳорчӯби тадбирҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам имрӯзҳо шумораи зиёди китобҳои нав ва маводи дигари илмию фарҳангӣ дар бораи рӯзгор ва осори ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки дар ривоҷи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар дини Ислом нақши беназир гузоштааст, интишор мешаванд. Дар миёни ин нашрияҳо китобу мақолаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи илмию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мақоми хоса доранд. Имрӯз боз се китоби нави Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо номҳои «Имоми Аъзам рӯзгор, осор ва афкор», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам» ва «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» чоп шуда, пешкаши хонандагон гаштанд, ки дорои аҳамияти зиёд баҳри талқин намудани мардум, пеш аз ҳама насли наврас ба омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаи ниёгон, сабақомӯзӣ аз осору таълимоти пурғановати ин нобиғаи фиқҳи исломӣ ва мавриди эҳтирому таҳаммул қарор додани арзишҳои умумибашарӣ ва тамаддунҳои дигар мебошанд. Ду китоби аввал аз ҷумлаи таълифоти нави илмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва яке маҷмӯаи мақолаҳои қаблан ба табъ расидаи ӯ мебошанд, ки яке дар нашриёти «ЭР-граф» ва ду тои дигар дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расидаанд. Яке аз ин китобҳо бо забонҳои тоҷикию арабӣ ва якеи дигар бо тоҷикӣ, арабӣ, англисӣ, русӣ ва бо ҳуруфоти алифбои ниёгон дастраси хонандагон гаштанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






