СЕ КИТОБИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ЧОП БАРОМАД

Октябрь 3, 2009 08:41

                 Дар чаҳорчӯби тадбирҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам имрӯзҳо шумораи зиёди китобҳои нав ва маводи дигари илмию фарҳангӣ дар бораи рӯзгор ва осори ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки дар ривоҷи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар дини Ислом нақши беназир гузоштааст, интишор мешаванд.                 Дар миёни ин нашрияҳо китобу мақолаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи илмию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мақоми хоса доранд.                  Имрӯз боз се китоби нави Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо номҳои «Имоми Аъзам рӯзгор, осор ва афкор», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам» ва «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» чоп шуда, пешкаши хонандагон гаштанд, ки дорои аҳамияти зиёд баҳри талқин намудани мардум, пеш аз ҳама насли наврас ба омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаи ниёгон, сабақомӯзӣ аз осору таълимоти пурғановати ин нобиғаи фиқҳи исломӣ ва мавриди эҳтирому таҳаммул қарор додани арзишҳои умумибашарӣ ва тамаддунҳои дигар мебошанд.                  Ду китоби аввал аз ҷумлаи таълифоти нави илмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва яке маҷмӯаи мақолаҳои қаблан ба табъ расидаи ӯ мебошанд, ки яке дар нашриёти «ЭР-граф» ва ду тои дигар дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расидаанд.                   Яке аз ин китобҳо бо забонҳои тоҷикию арабӣ ва якеи дигар бо тоҷикӣ, арабӣ, англисӣ, русӣ ва бо ҳуруфоти алифбои ниёгон дастраси хонандагон гаштанд.

Октябрь 3, 2009 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд