СЕМИНАР ДАР МУЪМИНОБОД

Октябрь 27, 2009 14:31

                 Мӯъминобод, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи Маҳаллии Тараққиёти ноҳия ва ташкилоти байналмиллалии дар ин мавзеъ фаъолиятдошта, семинар дар мавзӯъи "Такомули қобилияти кормандони мақомоти худидораи маҳал" баргузор гардид, ки дар он намояндагии мақомоти маҳалии ноҳияҳои Шӯрообод, Ховалинг, Мӯъминобод ва Темурмалик иштирок намуданд. Ҳадаф аз гузаронидани семинари мазкур шинос намудани намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияҳо бо фаъолияти Кумитаи Маҳалии Тараққиёти ноҳияи Мӯъминобод, ки 5 сол қабл таъсис дода шуда, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, ҳамчунин расонидани кӯмаки пайвастаи иҷтимоию иқтисодӣ ба мардумро мароми хеш қарор додааст, бо мақсади дар оянда ҷорӣ намудани ин таҷриба дар дигар ноҳияҳои кӯҳистони ҷануби кишвар маҳсуб меёбад.                  Зимнан ёдрас менамоем, ки Кумитаи маҳаллии тарақиёти ноҳияи Мӯъминобод ҳанӯз панҷ сол қабл созмон дода шуда, дар ин давра ҷиҳати ободонӣ ва некӯаҳолии сокинони ноҳия беш аз 130 лоиҳаро қабул ва амалӣ гардонидааст. Мутасаддиён ташкил ва гузаронидани чунин семинарҳоро дар ноҳияҳои дигари кӯҳистони ҷануби мамлакат бо иштироки роҳбарони ноҳияҳо ба нақша гирифтаанд.   

Октябрь 27, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд