Ш. ЛАТИФОВ: ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ АМАЛИЁТИ «НАЗОРАТ» ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Октябрь 26, 2009 15:25

                Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Бо мақсади пешгирӣ намудани фалокатҳои нохуши нақлиётӣ, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалбшавии пурраи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ аз 26 октябр то 5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе амалиёти муоинаи техникӣ бо номи шартии «Назорат» гузаронида мешавад.                  Тибқи иттилои сардори маркази матбуотии БДА подполковники милитсия Шерафган Латифов, барои муайян намудани воситаи нақлиёте, ки аз муоинаи техникии соли 2009 нагузаштаанд дар якҷоягӣ бо бозрасии минтақавӣ ва дигар хадамоти милитсия, чорабиниҳо гузаронида мешавад. Инчунин нақлиётҳо барои гузаронидани муоинаи солонаи техникӣ ба «автодиагностика» воқеъ дар 9-ум километр ва кӯчаи Р. Набиев, инчунин ба прокати 63 воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев равон карда мешавад.                 Барои пурзӯр намудани назорат аз болои кори сертификатсиякунонии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва литсензиякунонии фаъолияти ронандагони онҳо дар дидбонгоҳҳои доимо амалкунанда, ки дар 9 – ум км шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат ва Варзоб бо якҷоягии кормандони инспекцияи нақлиётии шаҳри Душанбе нуқтаҳои назоратӣ ташкил карда шуда фаъолияти нақлиёти мусофирбар бо пуррагӣ зери назорат қарор дода мешавад, гуфт Ш. Латифов.  

Октябрь 26, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд