ШАҲРВАНДОН СОЛҲОИ ОХИР БА ОСОРХОНАҲО РАФТУОИ КАМ ДОРАНД

Октябрь 29, 2009 16:19

                  Кӯлоб, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар муассисаи давлатии Муҷтамаи Ҷумҳуриявии Осорхонахои Кӯлоб, ки ба он Осорхонаи 2700-солагӣ, мероси адабӣ ва осори хатии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва хона музеи Сайдалӣ Вализода шомил мебошанд, беш аз 5000 нигора маҳфуз аст. Ин нигораҳои рангину қадима воқеан ҳам таърихи қадимаи Кӯлоби бостониро бозгӯи намуда, тамошои онҳо ба ҳар бинанда як ҷаҳон лаззати маънавӣ мебахшад.                  Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб дар арафаи таҷлили ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифта дар он беш аз 3000 нигора маҳфуз мебошад, таҷассумгари таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошанд. Як қатор нигораҳои осорхона таърихӣ хеле қадима дошта ҳанӯз дар асрҳои 6-4 и пеш аз милод сохта шудаанд. Дар ин шумул УТУ яке аз нигораҳои нодиру қадимаест, ки ба гуфти директори генералии муассисаи давлатии муҷтамаи Ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Ҳотам Асозода таърихи 2400 сола дорад ва ифодагари он аст, ки асбобҳои гуногуни рӯзгор ҳанӯз чансадсолаҳо қабл вуҷуд доштанд.                   Дар осорхонаи мазкур шӯъбаҳои гуногун: гӯшаи табиат, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чеварӣ, чакандузию заргарӣ, шӯъбаи таърих, ки дар он намунаи нигораҳои бозгӯи таърихи давраи неолиту полеолит, замони сангу биринҷ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд, мавҷуд аст.                 Ба осорхона мактаббачагон мунтазам меоянд, аммо директори генералии муассиса нисбати омаду рафти шаҳрвандон, бахусус донишҷӯёни риштаи таъриху кишваршиносии донишгоҳу коллеҷҳои шаҳр ба осорхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Бобати таъмин ва харидорӣ намудани нигораҳои нодир барои осохонаҳои Кӯлоб роҳбарияти Муассисаи давлатии Муҷтамаи давлатии осорхонаҳои Кӯлоб кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Октябрь 29, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст