ШАРТНОМАИ «БАРҚИ ТОҶИК» БО «ТУРБОАТОМ»

Октябрь 30, 2009 18:01

                 Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 29 октябр сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳайати намояндагони Украинаро зери роҳбарии волии вилояти Харков Арсен Аваков дар сафари корӣ ба сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун роҳнамоӣ кард. Меҳмонон баъд аз шиносоӣ бо рафти сохтмон аз НБО Норак боздид ба амал оварданд.                  Ҳангоми сафар меҳмонони украинӣ изҳор карданд, ки кишвари онҳо омода аст дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ саҳмгузор бошад.                  Қабл аз ин миёни ҶС «НБО Роғун» ва ҶСК «Турбоатом» ҳуҷҷат оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ҳамчунин миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Турбоатом» дар бораи истеҳсол ва таъмин кардани таҷҳизоти техникии неругоҳи барқӣ-обии Норак ба маблағи 2 миллион доллари ИМА созишнома ба тасвиб расонида шуд.                  Ҳамчунин миёни «Барқи тоҷик» ва заводи «Турбоатом» — и Украина созишнома дар бораи тайёр кардани 7 чарх барои агрегатҳои НБО Норак баста шуд. Аллакай 2 чархи он истеҳсол ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуданд, моҳи июл чархи аввал бомувафаққият иваз карда шуд, корҳо барои иваз кардани чархи дуввум дар арафаи анҷомёбист.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд, ҳайати Украина аз ҷиҳати намояндагӣ васеъ буда дар он роҳбарону мутахассисони ширкатҳои зерин: заводи «Электротяжмаш», ҶСК «Турбоатом», корхонаи давлатии «ФЕД», ПИТ «ХЕМЗ», корпоратсияи «Бисквит, Шоколад», ҶСП «Южкабель», ҶСК «Харьковский тракторный завод», корхонаҳои давлатии «Харьковский приборостроительный завод» ва «Харьковский завод шампанских вин», инчунин муассисаҳои таълимӣ -техникӣ шомил мебошанд.

Октябрь 30, 2009 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд