ШУМОРАИ ТАВОФКУНАНДАҲО БЕШТАР ШУДААСТ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шумораи тавофкунандагони Маккаи Мукаррама аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол бештар мегардад. Соли ҷорӣ тибқи квотаи ҷудо кардашудаи Арабистони Саудӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазор нафар ба ҳаҷ роҳхат мегиранд. Соли 2008 бо сабаби зиёд шудани шумораи хоҳишмандони ҳаҷҷи Маккаи Мукаррама қисме аз хоҳишмандон натавонистанд квота ба даст оранд. Соли ҷорӣ танҳо ба Сарраёсати оид ба дини ҶТ дар вилояти Суғд беш аз 3 ҳазору 700 нафар барои зиёрати Хонаи Худо бо ариза муроҷиат намудааст,- мегӯяд Юнус Шарипов, аммо барои вилоят ҳамагӣ 1408 квота пешбинӣ шудааст. Тибқи қарори Сарраёсати оид ба дини ҶТ дар вилояти Суғд дар навбати аввал онҳое соҳиби квота мегарданд, ки соли гузашта бо ариза муроҷиат кардаанд. Шумораи ҳоҷиён соли ҷорӣ дар вилояти Суғд нисбат ба соли 2008 -80 нафар зиёд шудааст. Боиси ёдоварист, ки соли гузашта аз ҶТ 6 нафар ҳангоми ба ҷо овардани фарзи ҳаҷ ҷони худро аз даст доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






