СОХТМОНИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Мӯъминобод сохтмони бинои қасри фарҳанг оғоз гардид. Сохтмони мазкур аз тарафи ҶДММ «Синдбодсохтмон» сохта шуда, айни ҳол 23 нафар сохтмончиён ба кори сохтмон шурӯъ намуданд. Туйчибой Каримов ҷонишини директори ҷамъият дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки бинои қасри фарҳанг мувофиқи лоиҳа барои 420 ҷой сохта шуда, маблағи умумии он беш аз 6 милион сомониро дар бар мегирад. Айни ҳол, барои корҳои сохтмонӣ 560 000 сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ин 482 800 сомониаш барои корҳои сохтмонӣ масраф гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, аксари сохтмончиён аз худи ноҳия буда бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки сохтмончиён ба кори таҳкурсии бино шурӯъ намуда, саркор Самариддин Раҷабов, сармуҳандис Аҳрор Мардонов ба сифати кори сохтмон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, -гуфт Туйчибой Каримов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






