СОХТМОНИ БИНОҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР ҲИСОР ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Октябрь 20, 2009 17:02

                Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳраки Ҳисор 20 хонаи нави замонавии ду ошёна аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Евростандарт», инчунин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Навобод дар роҳи Ҳисор- Шарора сохта ба истифода дода шуд.                  Тавре Раиси ноҳияи Ҳисор Муҳаммадалӣ Очилдӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин иншоот дар асоси нақшаи генералии шаҳраки Ҳисор, ки моҳи феврали соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар ин давра дар шаҳраки Ҳисор сохтмони филиали бонки «Тоҷпромбонк» ба анҷом расид.                Алҳол, сохтмони се бинои хонаи панҷошёна дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор, инчунин, ду бинои хонаи панҷошёна дар маҳаллаи 8-уми шаҳрак, сохтмони мактаб барои 320-ҷойи нишаст дар деҳаи Ғуриёти ҷаомати Деҳқонобод, корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳраки Шарора оғоз гардидааст.   

Октябрь 20, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд